15 Август 2021 - 14:29
Маросими азодории сайиду солори шаҳидон-ҳазрати Имом Ҳусайн дар ҳузури Раҳбари муъаззами инқилоб; аз имшаб

Ба муносибат фаро расидани айёми сӯгвории сайиду солори шаҳидони ҳазрати Абоабдиллоҳил-Ҳусайн ( алайҳи ассалом ) маросими азодорӣ дар ҳусайняи Имом Хумайнӣ ( раҳ ) дар ҳузури Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ аз имшаб ( якшанбе ) баргузор мешавад .

ABNA24 : Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мақоми муъаззами раҳбарӣ, имсол низ ба иллати шуюъи беморӣ ва таъкиди Раҳбари муъаззами инқилоби исломӣ ба риояти дастуруламалҳои Ситоди миллии корона маросим мутобиқи соли гузашта бидуни ҳузури ҷамъият ва танҳо бо ҳузури як суханрону маддоҳ баргузор мешавад .

Ин маросим ба муддати шаш шаб аз шаби ҳафтум то шаби давоздаҳуми муҳаррамул-ҳаром баргузор ва машрӯҳи барномаҳои суханронӣ ва азодорӣ ҳар шаб аз Садо ва Симо пахш мешавад.

342/